ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод. То ҳол иллати марги нависандаи номӣ эълон нашудааст.
Меҳмон Бахтӣ барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, ҳамчунин замоне раисии Иттифоқи нависандагонро бар дӯш дошт.
Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори таслият кардааст.
Дар номаи ҳамдардии президент омадааст, ки "Меҳмон Бахтӣ дар рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хидматҳои шоистаро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият" кардааст.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки Меҳмон Бахтӣ дар тарбияи наслҳои ҷавони адибони тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст.
"Номи нек ва асарҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаи Меҳмон Бахтӣ дар хотираи мардум абадӣ хоҳанд монд", - омадааст дар номаи ҳамдардии роҳбари давлат
Меҳмон Бахтӣ дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав низ таҳсил кардааст.
Меҳмон Бахтӣ муаллифи қиссаҳои "Оҳи сабук", "Хубон", "Пирамард", "Се соати даҳшатбор" ва маҷмуаи намоишномаҳои "Лаҳзаи ҷовид", китоби шеърҳои "Пайғоми баҳор", "Хаёли ширин", китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои "Руҳи тавоно", маҷмуаи намоишномаҳои "Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…", маҷмуаи "Пйесаҳо", гулчини қиссаву намоишномаҳои "Манзари қисмат", достони "Бозтоби Офтоб", маҷмуаи "Қиссаҳо" (бо забони русӣ) ва "Оҳанги хаёл" мебошад.
Меҳмон Бахтӣ ҳамчун шоири суруднавис ҳам дар миёни ҳаводорони таронаҳои лирикӣ шуҳрат дорад.
Марҳум аз соли 2004 то соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1995-2000 вакили парлумон ва солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.