ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Гузориши Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ дар бораи натоиҷи соли 2021 аз наздикшавии фалокати иқлимӣ равшан дарак медиҳад, гуфт дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар шарҳи ин санад.
"Низоми ҷаҳонии энержӣ халалдор шудааст ва ин моро ба фалокати иқлим наздиктар мекунад", - гуфт Гутерриш.
Вай мизони рекордии соли гузашта оид ба болоравии сатҳи баҳр, баландшавии ҳарорати уқёнус ва афзоиши кислотаи уқёнусҳоро қайд кард.
Дабири кулли СММ тадбирҳо барои суръат бахшидан ба интиқоли энержиро пешниҳод кард.
Вай аз мавҷудияти энергияи шамол ва офтобӣ барои сайёра ёдовар шуда, ҳамчунин ба зарурати тавсеаи фанновариҳои энергияи таҷдидшаванда таъкид намуд.
Гутерриш аз давлатҳо даъват кард, ки тасвиби тарҳҳои энержии офтобӣ ва шамолиро осон кунанд, шабакаҳои барқро навсозӣ намоянд, се маротиба сармоягузорӣ ба манобеи таҷдидшавандаро бештар кунанд ва пуштибонии сӯзишвории истихроҷшавандаро хотима диҳанд.