ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тоҷикистон парвозҳо аз Русияро манъ накардааст, мегӯяд ширкати ҳавонавардии Русия дар як баёния.
Тибқи изҳороти ин ширкат, парвози ҳавопаймои самти Маскав - Кӯлоб ба далели фаннӣ танзим шудааст.
"Ҳангоми анҷоми парвози ширкати "Уралские авиалинии" дар масири Маскав - Кӯлоб рӯзи 18 май дар пешниҳоди нақшаи парвоз камбуди фаннӣ рух дод. Дар ин замина парвоз то нуқтаи таъйиншуда сурат нагирифт", - омадааст дар хабари "Росавиатсия".
Ин манбаъ афзуда, ки иҷозаи такрорӣ рӯзи 19 май гирифта шуд ва ҳоло мусофирон сиҳату саломат ба шаҳри Кӯлоб расиданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" рӯзи 18 май парвоз кард, вале баъди як соати парвоз ба Маскав баргашт.
Хабаргузории "Flightradar24" иттилоъ дод, Тоҷикистон ба ҳавопаймои "Airbus A321" иҷозати фуруд надод ва аз ин рӯ ҳавопаймо дар фазои вилояти Пенза аз роҳаш баргашт.
Бояд гуфт, моҳи апрели соли ҷорӣ Комиссияи Аврупо 20 ширкати ҳавопаймоии Русия, аз ҷумла "Уралские авиалинии"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард.
Ин тасмим бо зикри он гирифта шудааст, ки шӯроҳои ширкат ба "стандартҳои байналмилалии бехатарӣ" ҷавобгӯ нестанд.
Ҳамчунин маълум аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" то 29 октябр парвозҳо ба Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Ӯзбекистонро қатъ кардааст.