ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Осиёи Марказӣ набояд аз таҳримҳои Ғарб битарсад.
Дар ин бора Станислав Притчин, ходими калони илмии бахши Осиёи Марказии Маркази тадқиқоти пасошӯравии IMEMO зимни суханронӣ дар конфронси дуюми Осиёи Марказӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар пасманзари авзоъ дар Украина барои кишварҳои Осиёи Марказӣ нигоҳ доштани сиёсати чандсамта мушкилтар аст.
Дар ҳамин ҳол, ба бовари Притчин, Ғарб як самти нобаробари сиёсати хориҷӣ барои минтақа аст, бар хилофи Русия ва Чин.
"Ҳоҷати тарс аз таҳримҳо нест - шумо дардмандтар аз мо нахоҳед шуд. Ин як хаёл аст, ки маҳдудиятҳо метавонанд ба манфиатҳои стратегии Осиёи Марказӣ осеб расонанд ва имкони рушди онро қатъ кунанд", - қайд кард коршинос.
Рад кардани сармоягузории Ғарб мушкилоти ҷиддиро ба бор намеорад. Притчин ҳамчунин таъкид кард, ки чунин тадбирҳо боиси тағйироти куллӣ дар вазъи иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ нахоҳад шуд.
Коршинос ҳамчун намунаи ҳамкориҳои Ғарб ва Осиёи Марказӣ, сармоягузории хориҷӣ дар Қазоқистонро мисол овард. Ҳукуматҳо асосан ба бахши нафту газ сармоягузорӣ мекарданд.
Ҳоло онҳо наметавонанд аз сабаби сармоягузории зиёд бираванд. Ин пул аллакай чандин бор самараи худро дод, аммо ҳаёти одамони оддиро ба куллӣ тағйир надодааст, хулоса кард Притчин.