Хатлон тасмим дорад 286 тонна пилла истеҳсол намояд

Мақомоти Хатлон эълон кардаанд, ки пиллапарварон талош доранд, дар соли равон 286 тонна пилла тавлид намоянд. То имрӯз 157 тонна алакай ҷамъоварӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Соли равон дар вилояти Хатлон истеҳсоли 286 тонна пилла ба нақша гирифта шуда, айни замон ҷамъоварии он идома дорад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Хатлон дар истинод ба Абдуғаффор Қурбонов, намояндаи идораи “Пиллаи тоҷик” дар вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, то 17 май дар шаҳру навоҳии пиллапарвари вилоят 157 тонна пилла ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар нуқтаҳои қабул бар ивази як килограмм пилла 15 сомонӣ дастмузд пардохт мекунанд.
“Қариб 20 ҳазор нафар дар шаҳру навоҳии вилоят ба кирмакпарварӣ ҷалб гардида, барои ҳосил гирифтан ба хоҷагидорон 10 ҳазору 65 қуттӣ кирмак тақсим карда шудааст”, - афзуд Абдуғаффор Қурбонов.
Зикр гардидааст, ки пиллапарварони шаҳри Левакант бо истеҳсоли се ҳазор тонна пилла дурнамои истеҳсолро якумин шуда дар вилоят иҷро кардаанд.
Баррасии ифтитоҳи корхонаи муштараки пиллаву кимакпарварӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Пилла ашёи муҳими саноатӣ буда, бо назардошти ин “Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” қабул шудааст.
Мақомот хабар додаанд, ки ҳоло барои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Масалан, имсол аз ҷониби ҶСК “Пиллаи тоҷик” қариб 80 ҳазор дарахти тут ба вилояти Хатлон оварда, ба хоҷагидорон тақсим карда шуд.