ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Анкара нияти даст кашидан аз равобит бо Маскавро надорад. Дар ин бора Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар мулоқот бо ҷавонон изҳор дошт.
Вай зикр кард, ки ду кишвар умумияти зиёд доранд, аз ҷумла лоиҳаҳои муштарак. Вай нерӯгоҳи "Аккую"-ро мисол овард.
"Соли оянда мо ин лоиҳаро анҷом медиҳем ва онро мекушоем. Ин барои мо як манбаи хеле ҷиддӣ аст", - шарҳ дод Эрдуғон.
Илова бар ин Туркия нисфи гази мавриди ниёзашро аз Русия мегирад. Ин як масъалаи муҳими стратегӣ аст, таъкид кард ин кишвардор.
"Мо наметавонем аз ин муносибот даст кашем", - гуфт Эрдуғон.
Дар баробари ин Эрдуғон гуфт, ки ӯ қасди қатъи равобит бо Киевро низ надорад.
"Ман ҳам бо Путин ва ҳам Зеленский суҳбати телефониро идома медиҳам. Ман ҳам ба Маскав ва ҳам ба Киев намояндаи вижа фиристодам", - гуфт раҳбари Туркия.
Вай афзуд, Анкара сиёсати худро идома медиҳад ва "ҷанги нави ҷаҳонӣ ба ҳеҷ кас нафъ намеорад".
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ Эрдуғон бори дигар назари худро дар бораи вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО баён кард.
Вай таъкид кард, ки Туркия дар ин масъала қотеона амал мекунад ва ба шарикон дар паймон "не" хоҳад гуфт.
Қаблан нашрияи "National Interest" навишта буд, Анкара иҷоза намедиҳад, ки бо Русия даргир шавад. Нашрия қайд кардааст, ки Туркия аз Федератсияи Русия тақрибан 45% газ, 17% нафт ва 70% гандум мегирад.