Чили Жириновский гузашт: ҳизби либерал-демократии Русия раисашро интихоб мекунад

Ҳизби либерал-демократии Русия роҳбари нави фраксияаш дар Думаи давлатиро интихоб карда, нақша дорад, роҳбари ҳизбро низ таъйин намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳизби либерал-демократии Русия санаи баргузории интихоботи раиси навашро муайян кард.
Ба иттилои манбаъ, ҳизб тайи 40 рӯз аз даргузашти роҳбараш Владимир Жириновский дар аввали моҳи апрели соли равон ҳич масъалаи кадриро баррасӣ накара буд.
Бо гузашти ин муҳлат қарор шудааст, ки ҷаласаи Шӯрои олии ҳизбӣ барои интихоби роҳбари нав баргузор шавад, ки 27 майи соли равон дар Маскав дар назар аст.
Аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раиси ҳизб вакил Леонид Слутский ва Михаил Дегтярев, волии вилояти Хабаровск гуфта мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Слутский роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия дар Думаи давлатӣ интихоб шуд. Ӯ ба ҳамкоронаш барои изҳори эътимод миннатдорӣ баён кардааст.

Леонид Слутский кист?

Леонид Эдуардович Слутский 4 январи 1968 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, Донишкадаи дастгоҳҳои Маскавро бо ихтисоси "идораи ташкилот" хатм кардааст. Аз соли 1992 то 1993 мушовири шаҳрдори Маскав Юрий Лужков буд.
Панҷ бор ба Думаи давлатӣ интихоб шудааст. Аз 5 октябри соли 2016 роҳбарии Кумитаи умури байналмилалии Думаи давлатиро ба уҳда дорад. Моҳи феврали соли 2017 бархе аз хонумони рӯзноманигор Слутскийро дар дастдарозӣ муттаҳам карданд, аммо ӯ ин иддаоро иғвоангезӣ хонда буд.
Сиёсатмадор, пешво ва суханвар: фаъолияти Жириновский дар тасовир
Аз соли 2014-ум дар феҳрасти таҳримоти ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қарор дошта, аз соли 2015 мудири кафедраи муносиботи байналмилалӣ ва равандҳои ҳамгироии Донишгоҳи давлатии Маскав мебошад.
Дар баробари ин Слутский доктори илмҳои иқтисодӣ, муаллифи корҳои илмӣ дар масоили иқтисоди муосир, ҳамгироии авруосиёӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин яке аз намояндагони ҳайати Русия дар музокирот бо Украина мебошад.