ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Туркия баррасии дархости Финландия ва Шветсия дар мавриди узвият дар НАТО-ро боздоштааст, хабар дод FT.
"Сафирони НАТО мулоқот карданд, то музокирот дар бораи қабули Финландия ва Шветсияро оғоз кунанд, аммо Анкара монеъ шуду ҳар гуна овоздиҳиро боздошт", - иттилоъ дод нашрия.
Таъкид шудааст, ки ин иқдом имкони Эътилофи Атлантики Шимолӣ барои мувофиқа кардани дархости кишварҳои скандинавиро давоми як-ду ҳафта зери суол мебарад.
Ҳамаи 30 кишвари НАТО-ро зарур аст, ки дархостҳоро ба тасвиб расонанд, аммо ин кор танҳо дар сурате имконпазир аст, ки санад дар бораи қабули дархост дода шаваду кишварҳои узв барои тасвиби он даъват гарданд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Шветсия ва Финландия дар пасманзари амалиёти вижаи Русия дар Украина аз бетарафии дарозмуддати худ даст кашида, азми пайвастан ба НАТО-ро карданд.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО аз ин ииқдоми кишварҳо пуштибонӣ кард ва ваъда дод, ки ҳар ду кишвар метавонанд зуд ба ин созмон ҳамроҳ шаванд.
Дар мавриди моҳияти даъвоҳои Туркия гуфта мешавад, ки Шветсия ва Финландия солҳои дароз сиёсати собитқадамонаи дастгирӣ кардани курдҳоро пеш гирифтаанд.
Ҳар ду кишвар ба фаъолони курд паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳанд. Дар парламенти Шветсия шаш вакили курд аст. Ҳамчунин дар ин кишварҳо аъзои ҳизби Фатҳуллоҳ Гюлен, ки дар ташкили кӯшиши табаддулоти низомӣ дар соли 2016 муттаҳам мешавад, паноҳгоҳ пайдо кардаанд.
Барои Анкара ҳам аъзои ПKK ва ҳам гюлениён террористанд. Аз ҷумлаи шартҳои Туркия барои довталабони скандинавӣ манъи фаъолияти ин сохторҳо арзёбӣ гардиданд.