Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

"Терминатор" дар Украина: Русия пурқувваттарин силоҳро дар амалиёти вижа истифода кард

Истифодаи мошини ҷангӣ дар амалиёти вижа ба низомиёни Русия имкон медиҳад, ки усули истифодаи онро таҳия ва инчунин ҷойгоҳи БМПТ дар гурӯҳҳои зиреҳпӯшро муайян кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Русия дар амалиёти вижа дар Украина аз мошинҳои ҷангии пуштибони танкҳои "Терминатор" истифода кард. Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба як манбаъ менависад.

"Якҷоя бо взводҳои танкӣ БМПТ дар ҳамла ба мавқеъҳои Украина, мошинҳои зиреҳпӯш ва экипажҳои системаҳои мушакии зиддитанкӣ ширкат мекунанд", - гуфт манбаъ.

Ҳамин тариқ хидматчиёни ҳарбӣ тактикаи истифодаи "Терминаторҳо"-ро ташаккул дода, ҷойгоҳи худро дар гурӯҳҳои зиреҳпӯш муайян мекунанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни амалиёти вижа маълум шудааст, ки дар воҳидҳои танкӣ мошинҳои ҷангӣ барои баланд бардоштани устувории ҷангии онҳо заруранд.
Қаблан "Терминатор"-ҳо дар Сурия самаранокии худро нишон дода буданд.
Зарбаи "Искандар"-и Русия ба объектҳои артиши Украина - видео
Ёдовар мешавем, БМПТ соли 2018 ба артиши Русия ворид шуда буд.
“Терминатор” дар заминаи танки Т-72 ва бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷангӣ (дар Сурия) сохта шудааст, ки як мошини чандманзура, бисёр муҳофизатшуда бо силоҳи қудратманд ва системаи контроли оташи муосир аст.
Тавоноии зарба задан ба танкҳо ва худравҳои ҷангии пиёданизом то фосилаи шашкилометрӣ, мубориза бо болгардҳои душман ва ҳавопаймоҳои кампарвоз (паҳпод)-ро дорад.
“Терминатор” бо системаи мушакии зиддитанкии “Атака-Т” ва бо лавозимоти ҷангии чаҳор мушак, ду тӯпи автоматии 30мм 2А42, ду норинҷакандози AG-17D ва як мусалсали 7,62-миллиметрӣ муҷаҳҳаз шудааст. Хадамаи он аз панҷ нафар иборат аст.
Нахустин қарордод оид ба таҳвили аслиҳа дар форуми илмию техникии Армия-2017 ба имзо расида буд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Навори нобудсозии иншооти низомӣ аз сӯи "Аллигатор" дар Украина - видео
Андрей Терликов, сарконструктори ширкати таҳияи мошинҳои UKBTM (қисми консерни "Уралвагонзавод") тавзеҳ дод, ки дар давоми соли 2021 Вазорати дифои Русия бояд дар бораи хариди силсилавии "Терминатор"-ҳо қарор қабул кунад. Аммо вазорат ҳеҷ гуна изҳороти расмӣ надодааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки чанде аз ин мошинҳо дар хидмати артиши Русия қарор доранд.