ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Петр Сегрт, сармураббии хорватии тими миллии Тоҷикистон 26 футболбозро ба ҳамоиши тамринии даста дар Дубай даъват кардааст.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки аз ин ҳисоб 13 легионер аз Булғористон, Беларус, Қазоқистон, Эрон, Ӯзбекистон, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш ва Туркия мебошанд.
Ба ҳайати тими миллӣ аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Сафари ҳайати мунтахаб ба Амороти Муттаҳидаи Араб 19 май дар назар аст.
Дар пайи тамринот дар Дубай дастаи Тоҷикистон ба Бишкек сафар карда, дар марҳилаи иинтихобии Ҷоми Осиё - 2023 дар гурӯҳи "F" се бозӣ анҷом медиҳад.
Дар феҳрасти рақибони тими Тоҷикистон мунтахаби давлати Мянмор зикр шудаст, ки бозӣ 8 июн сурат мегирад. Бо тими Сингапур 11 июн ва Қирғизистон 14 июн вориди майдон хоҳанд шуд.
Дарвозабонҳои даъватшуда ба тими мунтахаб Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов аз "Истиқлол" ва Сафармад Ғаффоров аз "Регар-ТадАЗ" даъват гардидаанд.
Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров, Меҳрубон Каримов низ вориди тими миллӣ шудаанд.
Дар феҳраст инчунин нимҳимоятгарон Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Комрон Турсунов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев, Парвиз Боқи-Охунов, Алиҷони Айнӣ ва ҳамлагарон - Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Манучеҳр Ҷалилов, Нуриддин Ҳамроқулов зикр шуданд.