Номи раиси нави фраксияи ҲЛДР эълон шуд: ҷойгузини Жириновский кист?

Ҳизби либерал-демократӣ раиси нави фраксия дар Думаи давлатии Русияро ба ҷои Владимир Жириновский таъин кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вакил Леонид Слутский раҳбари нави фраксияи ҲЛДР дар Думаи Давлатӣ шуд. Дар ин бора муовини раиси фраксияи ҳизби мазкур дар Дума Ярослав Нилов дар канали "Telegram"-и худ хабар медиҳад.
Слутский дар маҷлиси ғайринавбатии фраксия аксарияти овозҳоро гирифт. Сиёсатмадор аллакай дар блоги шахсияш ба ин таъйинот посух додааст.
"Ман ба ҳамкасбонам барои эътимодашон ташаккур мегӯям", - навиштааст роҳбари нави фраксияи ҲЛДР.
Ҳамин тариқ, Леонид Слутский мақоми раиси пешини ҳизб Владимир Жириновскийро ишғол кард, ки рӯзи 6 апрел пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт.

Леонид Слутский кист?

Леонид Эдуардович Слутский 4 январи соли 1968 дар Маскав таваллуд шуда, дорандаи маълумоти олӣ мебошад. Аз соли 1992 то соли 1993 мушовири мири Маскав Юрий Лужков буд.
Слутский панҷ маротиба ба мақоми вакиль дар Думаи давлатӣ интихоб шуд. Аз 5 октябри соли 2016 - раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба корҳои байналмилалист.
Сиёсатмадор, пешво ва суханвар: фаъолияти Жириновский дар тасовир
Соли 2014 ба феҳристи таҳримҳои ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо шомил шуда, аз соли 2015 мудири кафедраи равобити байналмилалӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав аст.
Илова бар ин, Слутский доктори илмҳои иқтисодӣ, муаллифи мақолаҳои илмӣ оид ба мушкилоти инноватсия дар иқтисоди муосир, ҳамгироии Авруосиё ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мебошад.
Дар соли 2022 ӯ яке аз намояндагони Русия дар музокироти Русияву Украина барои ҳалли бӯҳрон шуд.