ДУШАНБЕ, 18май — Sputnik. Рашид Нургалиев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ҳатто дар даврони ҷанги сард Ғарб ин қадар ошкоро роҳбарият ва мардуми Русияро, тавре ки имрӯзҳо таҳдид мекунад, таҳдид накарда буд.
"Нозирони ғарбии режими Киев маъмулан тавре рафтор мекунанд, ки гӯё ҳеҷ чиз рӯй надодааст, бечунучаро аз онҳо пуштибонӣ мекунанд ва бо силоҳ таъмин мекунанд ва ҳамзамон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ фишор меоранд, то ҳамкорӣ бо Русияро қатъ намоянд", - гуфт Нургалиев дар мулокот бо сафирони хориҷӣ дар Маскав.
“Дар сатҳи олӣ таҳдидҳои таҷовузкорона ошкоро алайҳи кишвар ва мардуми мо садо медиҳанд, ки ҳатто дар замони ҷанги сард чунин набуд”, - гуфт Нургалиев.
Ба гуфтаи вай, дар фазои иттилоотии Украина ва Ғарб як ҳаяҷони бесобиқаи зиддирусӣ ҷараён дорад.
"Васоити ахбори оммаи Русия ба таври оммавӣ табъиз ва масдуд карда мешаванд, шабакаҳои иҷтимоӣ поккорӣ мешаванд то Русияро аз имкони баёни нуқтаи назари худ ва баёни ҳақиқат маҳрум созанд", - афзуд Нургалиев.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.