ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ бо Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии ҶТ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад.
Ӯ ин нуктаро дар мулоқот бо Соҳиба Ғаффорова, раиси Маҷлиси миллии Озарбойҷон таъкид кардааст.
Зокирзода ҳавасмандии Душанберо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Озарбойҷон баён дошт.
"Муяссар гардид, ки дар давраи истиқлол, тӯли 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ, низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии дуҷонибаро дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробарҳуқуқ бунёд намоем", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин аз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон дар соли 2018-ум зикр шудаст, ки зимни он 12 санади нав ба имзо расида. Ин сафари раисҷумҳур барои гузаштан ба сатҳи баланди ҳамкории мутақобилан судманд заминагузор шудааст.
Дар маҷмуъ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 59 созишнома ва аҳднома баста шудааст.
Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ зикр шудааст, ки комиссияи дахлдор дар ин бора фаъолият дошта, бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва бо дастгирии соҳибкорони озарӣ соли 2020 Хонаи тиҷоратии "Тоҷикистон" дар шаҳри Боку таъсис ёфтааст.
Ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки барои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун чораандешиҳоро идома хоҳанд дод.