ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Бо фармони Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳамсари нахустраисҷумҳури ин кишвар аз ҳайати Комиссияи миллии умури занон хориҷ карда шуд, хабар медиҳад "Акорда".
Ин манбаъ меафзояд, Тоқаев чанде пеш ба фармон дар бораи Комиссияи миллии умури занони назди президент тағйиру илова ворид кард.
Тибқи ин фамон, ҳайати Комиссияи миллӣ нав шуд. Баъзе аъзои он, аз ҷумла ҳамсари Нурсултон Назарбоев Сара Назарбоева аз ҳайат хориҷ карда шуд.
Қаблан палатаи поёнии парлумони Қазоқистон истеъфои духтари Назарбоевро пазируфта буд.
Гузашта аз ин авоили моҳи ҷорӣ вакилони мардумии Қазоқистон дар ҷаласаи умумии парлумон тарҳи ислоҳи Қонун “Дар бораи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ”-ро, ки аз он ибораи "раисҷумҳури аввал" ҳазф шудааст, ба Маҷлис (палатаи поёнӣ) баргардонданд.
Ҳамакнун бар асоси ин тарҳи ҷадид дахлнопазии президенти аввали ин кишвар, яъне Нурсултон Назарбоев аз ӯ гирифта мешавад.
Нурсултон Назарбоев тақрибан 30 сол Қазоқистон раҳбариро кард. Ӯ 20 марти соли 2019 аз мақоми раҳбари ин давлат истеъфо дод. Баъдан ӯ мақоми раисии Шӯрои амният, раҳбари Ҳизби "Нур Отан" ва раиси Ассамблеяи мардуми Қазоқистонро ҳифз кард.
Дар соли 2021 Назарбоев эълом кард, ки аз курсии раиси АМҚ канор рафта, салоҳиятҳояш дар онро ба раҳбари кунунии Қазоқистон вогузор намуд.
Назарбоев 5 январи соли 2022 ваколатҳои раиси Шӯрои амниятро ба Тоқаев вогузор кард.