ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Эрсин Язичи, шаҳрдори Анталия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, Аҳмадзода дар мулоқот аз таҷрибаи пешқадами Анталия дар бахши гардишгарӣ ва бунёди гармхонаҳои муосир зикр карда, хостори таҳкими ҳамкорӣ дар ин бахш шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба вазъи иқтисодии вилояти Суғд, имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фазои сармоягузорӣ маълумот дода, хостори тақвияти робитаҳо бо шаҳри Анталияи Туркия гардид.
Изҳори бовар карда шуд, ки масъулон ва доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо таҷрибаҳои пешқадам шинос шуда, барои татбиқи навовариҳо дар оянда талош меварзанд.
Эрсин Язичи ҳам ҳавасмандияшро барои ҳамкорӣ бо ҳайати тоҷикистонӣ баён дошта, таъкид намудааст, ки ин сафар таконе барои густариши муносибот хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан як ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода дар Туркия қарор дорад.
Мақомоти Суғд ҳадаф аз сафари ин ҳайат ба Туркияро ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Анталия, Қайсарӣ ва Истанбул арзёбӣ карда, боздид аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ низ дар назар аст.