ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, рӯҳони саршиноси тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар бораи марги Пирмуҳаммадзода як аз аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
"Ҳоҷӣ субҳи имрӯз аз дунё даргузаштанд. Чанде бемор буданд ва аз дарди дил ранҷ мекашиданд",- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, маросими ҷанозаи рӯҳонии шинохтаи кишвар пас аз намози пешин дар зодгоҳи марҳум доир мешавад.
Исмоил Пирмуҳаммадзода 1 июли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шуда, наттоқ, ровии моҳир ва имомхатиб буд.
Марҳум ҳамзамон узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008), барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали "100-солагии матбуоти тоҷик" (2012), унвони "Падидаи сол" (2010) буд.
Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имомхатиби маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад (с) ва ҳамзамон узви Шӯрои уламои кишвар буд.
Гуфта мешавад, ӯ аз табори рӯҳониёни шинохта буда, падараш домулло Пирмуҳаммад, маъруф ба Махдуми Санги Кулӯла ва пири тариқати Нақшбандия буд.