Зокирзода дар Озарбойҷон аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон гуфт

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, кишвардорони Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар рушди муносибатҳои ду кишвар фаъолияти пурмаҳсул доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Озрабойҷон бо ҳамтоёни худ дидору мулоқот кард.
Зокирзода дар бораи парламенти Тоҷикистон, рушди парламентаризм дар кишвар ва нақши он дар суботи сиёсӣ маълумот додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

"Зокирзода бавижа аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти сулҳовар, бунёдгузори ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар таъкид намуд", - омадааст дар хабар.

Зимни мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба таҳкиму тақвияти алоқаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон махсус таъкид шудааст.
Дар ин росто ҷонибҳо Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ташкил кардаанд, ки мунтазам вохӯриҳои корӣ доир менамоянд.
Зокирзода дар раъси як ҳайат вориди Боку шуд
Роҷеъ ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар бошад, Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намудааст, ки бинобар наздик будани фарҳангу тарзи зиндагии халқи ду кишвар ҷонибҳо ба табодули фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
"Санъати мусиқии миллии ду кишвар ба мисли мусиқии классикии тоҷик “Шашмақом”-у “Фалак” ва озарӣ “Мугам” ё “Ашиг” хеле ба ҳам наздиканд", - гуфтааст ӯ.
Зикр гардидааст, ки бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисерҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта истодааст.
Тоҷикистону Озарбойҷон дар арсаи байналмилалӣ дар чорчӯби созмонҳои Созмони Милалӣ Муттаҳид, САҲА ва ИДМ шарик ҳастанд.