ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давраи бозомӯзӣ оғоз гардидааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни давраи бозомӯзӣ қироати маърӯзаҳои илмӣ ва оммавӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, баррасии бурду бохти фаъолияти кумитаҳои иҷроия пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар чорчӯби ин барнома доир гардидани мизҳои мудаввар ва суҳбатҳои гуногуни мавзуӣ дар назар аст.
Дар баробари ин ширкаткунандагон аз ёдгориҳои таърихӣ боздид мекунанд.
Онҳо аллакай аз хона-музейҳои арбобони барҷастаи илму адаб, шаҳраки бостонии "Саразм", қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, хонаи маъюбону пиронсолон ва ташкилоти намунавии ибтидоии ҳизбӣ дидан намудаанд.
Зимни сафар ба шаҳри Панҷакент ширкаткунандагони бозомӯзӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ, аз майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намудаанд.
Дар шаҳри Панҷакент бошад, шунавандагони давраи бозомӯзӣ нахуст аз оромгоҳи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯди Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ дидан кардаанд.
Давраи бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент то 20 май идома меёбад.