Раҳмон Тоқаевро бо зодрӯзаш шодбош гуфт

Президенти Тоҷикистон талошҳои ҳамтои қазоқашро ба масъалаҳои таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии миёни кишварҳо баланд арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқистонияш Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ доир кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, Раҳмон Тоқаевро зимни тамоси телефонӣ бо зодрӯзаш табрик кардааст.

"Дар оғози суҳбат сарвари давлати мо президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ дар татбиқи ҳадафу нақшаҳои бар нафъи мардуми бародари Қазоқистон муайян кардаашон муваффақиятҳои бузург орзу намуданд", - афзуд манбаъ.

Зимни мулоқот раисҷумҳури Тоҷикистон ба инкишофи босуръати муносибатҳои ду кишвар ва таваҷҷуҳи пайвастаи президенти Қазоқистон ба масъалаҳои таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии миёни кишварҳо таъкид кардааст.
Дар рафти суҳбат ҳамзамон ҷанбаҳои алоҳидаи рӯзномаи ҳамкориҳои гуногунсамтаи Тоҷикистону Қазоқистон мавриди муҳокима қарор доштанд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Сенати Қазоқистон
Қосим-Ҷомарт Тоқаев имрӯз 69-солагияшро таҷлил мекунад. Ӯ баъди канор рафтани Нурсултон Назарбоев роҳбарии Қазоқистонро ба уҳда дорад.
Тоқаев дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ, ки моҳи июни соли 2019 баргузор шуд, бо 70,96 дарсади ороъ раисҷумҳури Қазоқистон интихоб гардида буд.
Роҳбари феълии Қазоқистон 17 майи соли 1953 дар шаҳри Алмаато таваллуд шуда, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ мебошад.
То расидан ба мақоми раисҷумҳур, аз соли 2013 то 2019 роҳбари Сенат, палатаи болоии парлумони Қазоқистон буд. Солҳои 2011-2013 мудири кулли идораи СММ дар Женева буда, аз он пештар дар мақомҳои вазири умури хориҷии Қазоқистон ва сарвазири Қазоқистон низ кор кардааст.