ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Қисме аз боми мактаб ҳангоми дарс дар як муассисаи таълимотии ноҳияи Чоткал, дар вилояти Ҷалолобод фурӯ рехт ва 19 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар хабар медиҳад.
Обрушение потолка в классе школы в Чаткале
© пресс-служба МЧС КР
Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар мактаби рақами 18 ба номи А.Чимканаев ҳангоми дарс рух додааст. Ба ҷои ҳодиса се наҷотдиҳанда ҳозир шудаанд.
"Дар пайи ин ҳодиса 18 донишомӯз ва як омӯзгор ба бемористони ҳудудии Ала-Бука мунтақил шуданд", — гуфтанд дар Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ.
Обрушение потолка в классе школы в Чаткале
© пресс-служба МЧС КР
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар пайи ин ҳодиса хонандагон осеб надидаанд.
"Борон меборид ва аз шифт об мечакид. Муаллима кӯдаконро берун бурд, то касе осеб набинад. Кӯдакон тарсиданд, шокӣ буданд, аммо осеб надидаанд", - қайд карданд дар Вазорати тандурустӣ.
Манбаъ афзуда, ки кӯдакон ва омӯзгорро дар як микроавтобус барои муоина ба бемористони Ала-Бука интиқол доданд ва онҳо бозгардонда мешаванд.
Маълум аст, ки фишори хуни муаллима дар пайи ин ҳодиса баланд шудааст.