ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Қазон парвози нав оғоз мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии фурудгоҳи Қазон.
Парвозҳо дар масири мазкур дар ду самт ҳар ҳафта - рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.
"Нахустин парвози ширкати ҳавопаймоии русии "Nordwind" рӯзи 26 май дар назар аст", - омадааст дар хабар.
Парвозҳо тавассути ҳавопаймои "Airbus A321" бо зарфияти 218 мусофир анҷом дода мешаванд. Вақти сафар тақрибан 3,5 соат хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳо соати 03:05 ба вақти маҳаллӣ аз Қазон парвоз хоҳанд кард.
Фуруд ба пойтахти Тоҷикистон соати 08:30 ба вақти Душанбе дар назар аст. Аммо парвози бозгашт соати 10:00 ва фуруд ба Қазон соати 11:45 ба нақша гирифта шудааст.
Дафтари матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Қазон ёдовар шуд, ки ҷадвали муфассали парвозро метавон дар вебсайти фурудгоҳ дарёфт кард. Илова бар ин ҷадвал метавонад тағйир ёбад.
Ёдовар мешавем, ки Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия режими маҳдудияти парвозҳоро дар як қатор минтақаҳои Русия тамдид кард.
Маҳдудиятҳо дар бандарҳои ҳавоии Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленджик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста ҷориянд.