ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо мулоқот кардааст.
Бино ба гузориши пойгоҳи хабарии "Iran.ru", дидори низомиён баъди маросими бошукӯҳи нерӯҳҳои мусаллаҳи Тоҷикистон доир шуда, дар он ду кишвар бар зарурати мубориза бо терроризм, истиқрори сулҳу амният дар марзҳо ва баргузории тамринҳои муштараки низомӣ таъкид карданд.
Ҷонибҳо роҳҳои тавсеа, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва мубориза бо терроризм дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои минтақаӣ бо меҳварияти кишвари Афғонистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.
Генерали аршади Эронӣ гуфтааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар бояд илова бар барқарории амният дар марзҳо бо якдигар таомулу табодули назар дошта бошанд, тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба ва ҳамчунин табодули омузиш ва тавсеаи ҳамкории низомӣ перомуни мубориза бо терроризм, бояд дар авлавияти нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар қарор гирад.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор аз тарҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфта ва маводи мухаддир бо кумак ва ҳамкории ду кишвар истиқбол кардааст.
Ӯ гуфтааст, баргузории размоишҳои муштарак ва тавсеаи таҷҳизоти низомӣ аз авлавиятиҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишвари Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.