Зокирзода дар раъси як ҳайат вориди Боку шуд

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳонаш дар кори конфронси саввуми генералии Ассамблеяи Парлумонии СҲИ иштирок мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Маҳмадтоир Зокиров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷқлиси Олии Тоҷикистон бо як ҳайати иборат аз вакилон вориди шаҳри Бокуи Озарбойҷон гардид.
Дар ин бора сухангӯи парлумон хабар додааст.
Ба иттилои, ӯ Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ 17-18 май дар кори конфронси саввуми генералии Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Боку мегузарад, иштирок менамоянд.
Манбаъ афзуда, ки санадҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба имзо ва тасвиб шудаанд.
Паёми Володин ба Зокирзода: СААД кафили амнияту дахлнопазирии аъзояш аст
Санадҳои тасвибшуда, ин Созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ, Созишнома дар бораи боркашонии транзитӣ дар минтақа ва Созишномаи тиҷоратии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои рушди тиҷорат мебошанд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ният дорад, дар оянда низ дар фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкории иқтисодӣ пурсамар иштирок намуда, сатҳу сифати ҳамкории бисёрҷонибаи худро баланд бардорад.
"Тоҷикистон мудом ҷонибдори тақвияти ҳамкории тиҷоратии минтақавӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба манфиати шукуфоии мардумони кишварҳои аъзои Созмон мебошад", - омадааст дар хабари парлумон.