Аз роҳбандии толибҳо то шартгузориашон ба Тоҷикистон: Дар Шерхон-бандар чӣ хабар?

Толибон убуру мурури мошинҳои борбар аз тариқи Шерхон-бандар, гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Афғонистонро манъ кардаанд. Расонаҳо аз даргирӣ дар марз хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Пул дар гузаргоҳи Шерхон-бандар дар ҳоли ҳозир комилан баста буда, мошинҳои борбари тиҷоратӣ дар қисмати Афғонистон бидуни ҳаракат мебошанд.
Дар ин бора манбаи Sputnik Тоҷикистон аз қавли Мавлавӣ Саҳар, масъули умури Толибон дар гузаргоҳи марзии мазкур хабар дод.
"Иморати исломӣ барои Тоҷикистон шартҳое пеш гузоштааст, то ин ки ин шартҳо иҷро нашаванд, тарафи толибҳо мошинҳоро раҳо ва роҳи пулро боз намекунад. Тарафи толибҳо роҳро банд кардааст, на Тоҷикистон”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ афзуд, 16 май қарор аст, ҳайатҳои ду ҷониб дар қаламрави миёни ду кишвар мулоқот анҷом дода, масъуларо ба баррасӣ гиранд.
"Дар бораи ин ки толибҳо ба Тоҷикистон чӣ шартҳо гузоштаанд, маълумоти кофӣ дар даст нест. Толибҳо ҳам чизе намегӯянд. Аммо он чӣ маълум аст, ин аст, ки гӯё толибҳо аз Тоҷикистон хостаанд, сафораташро дар Афғонистон боз карда, барои тоҷирон виза диҳад ва иҷозаи убуру мурури афродро диҳад”, - гуфт манбаъ.
СААД воҳиди нави мудофиавӣ ташкил мекунад
Ин дар ҳолест, ахиран расонаҳои хориҷӣ хабар дода буданд, ки шаби 14 май дар пайи як мушоҷараи лафзӣ миёни марзбонони Тоҷикистон ва толиб даргирии чорсоата сурат гирифтааст. Бархе ҳам гуфтанд, ки ин даргирӣ ҳам ба он хотир ба вуқуъ пайвастааст, ки толибҳо ба як мошини боркаши Тоҷикистон иҷозаи убур надодаанд.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Душанбе ҳамчунин иттифоқро рад карда, мегӯянд, даргирие, ки дар марз сурат гирифтааст, миёни гуруҳҳои номаълум дар маҳалле ба номи Бутташикан дар вулусволии Имом Соҳоиби вилояти Кундузи Афғонистон будааст ва ба марзбонони тоҷику толибҳо ҳеҷ рабте надорад.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин гурӯҳ ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки намояндагони тамоми қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон ва ҳамчунин риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ба кору таҳсилро талаб дорад.