ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар тирамоҳи соли 2022 кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ як силсила машқҳои низомӣ баргузор мекунанд.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт. Ҳамин тариқ машқҳо дар қаламрави Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон баргузор мешаванд.
"Мо ҳамчунин масъалаҳои муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои дастаҷамъии СААД бо аслиҳа ва таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани мутобиқати амалиётии контингентҳои низомии онҳо ва такмили ҳамоҳангии амалиёти муштараки сохторҳои низомии моро баррасӣ хоҳем кард", - гуфт Путин зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви созмон.
Президенти Федератсияи Русия таъкид кард, онҳо ният доранд, таҷрибаи баргузории машқҳои муштаракро густариш диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Маскав нишасти солгарди СААД баргузор шуд. Мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон ба 30-юмин солгарди имзои созишнома ва 20-умин солгарди таъсиси ин иттиҳодия рост омад.
Дар чорабинӣ раҳбари Русия Владимир Путин, дабири кулли СААД Станислав Зас, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президентҳои Беларус ва Тоҷикистон Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ширкат доштанд.