ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҳадафи баргузории дави миллӣ оммавӣ кардани тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон мебошад, изҳор дошт дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, дар шаҳри Хуҷанд беш аз 25 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ сарҷамъ гардида, дар Дави миллӣ иштирок намуданд. Теъдоди умумии иштирокдорон дар қаламрави Суғд беш аз 100 ҳазор нафар арзёбӣ гардид.
Дави миллӣ аз соли 2007 инҷониб дар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ баргузор мешавад.
Мақомоти Суғд дар баробари дав, инчунин марафони велосипедронӣ сурат гирифта, сокинону варзишгарон тавассути хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва пули "Ҷашнӣ" то хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҳаракат намуданд.
Сипас дар майдони Парчами давлатӣ иштирокдорони фаъол қадрдонӣ гардиданд.
Дар баробари ин мақомоти Суғд аз оғози мавсими мусобиқаҳои варзишӣ дар шимоли кишвар хабар доданд. Аз ҷумла бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ аз 20 май то 24 июни соли 2022 сурат хоҳанд гирифт.
Мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд аз рӯйи намудҳои тенниси рӯйи миз, шоҳмот, велосипедронӣ, баскетбол байни мардон ва бонувон, куштии юнонӣ-румӣ, куштии миллии камарбандӣ, камонварӣ ва варзиши сабук баргузор мешаванд.
Зӯрозмоӣ дар куштии ҷудо, шиноварӣ, куштии миллӣ, воллейбол байни бонувон ва мардон, куштии тарзи озод, самбо, вазнбардорӣ, каратэ-до, бокс, футбол, пойгаи равон, қаиқронӣ, дастхобонӣ, таэквандо ВТФ, теннис ва бадминтон аз бандоҳои дигари мусобиқаҳои кушод дар Суғд арзёбӣ гардидаанд.