ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Шабакаи "Fox News" видеои суханронии Ҷо Байденро дар саммити Амрико ва АСЕАН-ро нашр кард, ки дар ҷараёни он раисҷумҳур боз ба иштибоҳ роҳ доду ноиби президент Камала Ҳаррисро президенти кишвар хонд.
"Ҳинду уқёнуси Ором як ҳавзаи Ҳинду Уқёнусия аст, ки озод ва кушода, устувор ва шукуфоӣ, устувор ва бехатар аст. Ин аст он чизе, ки мо ҳама орзу дорем. Барои ҳамин ман аз президент Ҳаррис хоҳиш кардам, ки моҳи августи соли гузашта ба минтақа сафар кунад ", - афзуда буд Байден дар суханронияш.
Зимнан корбарони зиёд зери видеои нашрнамудаи ин шабака шарҳи зиёд навиштанд.
Аз ҷумла, Joseph Talmadge навиштааст: "Боз, Ҷо, шумо навакак гуфтед, ки президент Ҳаррисро ба минтақа фиристодед, эй Худои ман. Ба тамоми арсаи ҷаҳонӣ ... Бебаҳо",
"Президент Ҳаррис? Вой дод. Боз аз рӯи қоғаз мехонад!", - навиштааст Кристин Ланг.
"Байден ба он бачае монанд аст, ки аз болои дарахт меафтад ва ҳангоми поён шудан, ба ҳар шоха мезанад", - илова кард Лед Зеппелин.
Маротибаи аввал нест, ки Ҷо Байден зимни суханрониҳои худ иштибоҳҳои дағал мекунад.
Ҳанӯз моҳи апрел ӯ ҳамсари Барак Обамаро замони раисҷумҳур будани ӯ ноиби президент хонд, дар ҳоле, ки он замон Байден худ дар ҳамин мақом қарор дошт.
Ҳарриссро борҳо президенти Амрико гуфта буд. Ҳамчунин номи кишвардори Русия, Владимир Путинро нодуруст талаффус кард ва Сурияро бо Либия ва Ироқро бо Эрон омехта карда буд.
Байден, ки имсол 80-сола мешавад, куҳансолтарин раисҷумҳури Амрико дар таърих аст ва мунаққидон пайваста ӯро ба таназзули равонӣ муттаҳам мекунанд.