ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ахиран дар хусӯси ноамнӣ ва шӯришҳои фазоянда дар бархе вилоёти шимолӣ, аз ҷумла Панҷшер, Бағалону Тахор ва дар бораи вуқуъи ҷанги дохилӣ ҳушдор додааст, иттилоъ додааст хабаргузории Ово.
Тибқи иттилои манбаъ, Абдуллоҳ ки ба тозагӣ Афғонистонро тарк карда ва дар Ҳинд ба сар мебарад, ахиран дар сафҳаи Фейсбуки худ Толибонро ҳадафи интиқодоти худ қарор дод ва навишт, амалкарди Толибон, мӯҷиби инзивои бештари Афғонистону афзоиши танишҳои қавмӣ мешавад ва кишварро ба сӯи ҷанги дохилӣ мекашонад.
Давлати муваққати Толибон, ахбори мунташир шуда дар бораи бадрафтории неруҳои ин гуруҳ бо ғайринизомиён дар вилоёти шимолиро “бузургнамоӣ” тавсиф кардааст, аммо ин сиёсатмадори афғон, Толибонро ба муҳокимаи саҳроӣ, куштору шиканҷаи ғайринизомиён ба номи дин, нақзи қавонин башарӣ ва соири қавонини байналмилалӣ муттаҳам карду афзуд, сиёсати инҳисорталабӣ дар қудрат ва ҳазфи мухолифон, мушкилоти мардуму кишварро афзоиш ва Афғонистонро ба сӯи буҳрон суқ додааст.
Бархе созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои афғон низ қаблан дар бораи хатари бурузи ҷанги дохилӣ ва ошӯб дар Афғонистон ҳушдор додаанд.
Толибон пас аз ба сари қудрат расидан дар Афғонистон дар ними августи соли 2021, назорати саросари кишварро дар даст гирифт. Вилояти Панҷшер дар шимоли Афғонистон, охирин вилояте буд, ки ба кантроли Толибон даромад.
Мухолифони Толибон дар вилояти Панҷшер мавсӯм ба “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” ба тозагӣ, бо шиддати бештаре нерӯҳои ин гурӯҳро ба дастгирии ғайринизомиён муттаҳам мекунанд.
Ба гуфтаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, пас аз иди Фитр ва ташдиди набардҳо алайҳи Толибон дар вилоёти Тахор, Бағалону Панҷшер, нерӯҳои ин гурӯҳ ба таври густардае боздошт, озору куштори ғайринизомиёнро дар дастури кори худ қарор додаанд.