Дар Чин гуфтанд, ки Русия чӣ гуна ба доллар зарба зад

Тарҳи ҷавобии Маскав мавқеи монополии долларро дар низоми тиҷорати ҷаҳонӣ ва молия ба ларза овард, ки таҳримоти нокоми Ғарб ва ИМА аз ин шаҳодат медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Тадбирҳои ҷавобии Маскав, ки дар посух ба таҳримҳои зидди Русия андешида шуданд, ба мавқеи доллар дар низоми байналмилалии молия зарбаи ҷиддӣ заданд, гуфт коршинос Гао Дешэн дар мақолае дар нашрияи "Хуантсиу Шибао".
Ба бовари ин коршинос, тасмими Русия барои тавсеаи истифода аз рубл дар ҳисоббаробаркуниҳо бо кишварҳои дигар як иқдоми хатарнок барои Вашингтон буд.
"Изҳороти Русия дар бораи баргардонидани қарзи хориҷӣ бо рубл ва истифода аз онҳо ҳамчун асъори ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми содироти интиқоли газ ​​ва манобеъи стратегӣ ба “кишварҳо ва минтақаҳои ғайридӯст” мавқеи монополии долларро дар низоми тиҷорати ҷаҳонӣ ва молия ба ларза овард. ..> Ҷаҳон босуръат ба давраи пас аз доллар ворид мешавад", - гуфт Дешенг.
Тавре коршинос таъкид кард, муассир будани чораҳои андешидаи Маскав ноком шудани сиёсати таҳримии ИМА ва Ғарбро собит кард.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украина, кишварҳои ғарбӣ фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш доданд.
Аврупо шарти Путинро мепазирад
Дар Аврупо даъватҳо барои коҳиш додани вобастагӣ аз захираҳои энергетикии Русия баландтар садо доданд, бисёре аз брендҳо хуруҷи худро аз ин кишвар эълон карданд. Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Канада ва дигар кишварҳо осмонро барои ҳавопаймоҳои Русия бастаанд.
Кремл ин тадбирҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид, ки чунинаш то ҳол набуд. Тавре президент Владимир Путин қайд кард, таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд ва ҳадафи аслии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст.
Нахуствазири Итолиё гуфт, Олмон пардохти пули газро бо рубл шуруъ кардааст
Ба гуфтаи ӯ, рӯйдодҳои феълӣ хати бартарии ҷаҳонии Ғарбро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод поин мебарад.
Ёдовар мешавем, ҳамакнун кишварҳои аврупоӣ гуфтаи Путинро мекунанд. Онҳо барои пардохти гази Русия бо рубл дар "Газпромбанд" суратҳисоб боз кардаву пардохтҳоро бо асъори русӣ оғоз кардаанд. Ҳарчанд аз аввал ба ин иқдомоти Маскав шадидан мухолифат мекарланд.