ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар Душанбе як зани 66 - сола ба далели машғул будан ба сеҳру ҷоду аз сӯи кормандони милитсия боздошт гардид.
Дар ин бора Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар пойтахт хабар дода, афзудааст, ки номбурда истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Гулпарвар мебошанд ва дар манзилаш ба сеҳру ҷоду машғул будааст.
Ин ниҳод афзуда, ки дастгиршуда ҳарчанд дониш ва саводи тиббӣ надорад, вале бо истифода аз ҳар гуна ашё гӯё ба дарди корафтодагон даъво мебахшид.
Гуфта мешавад, ӯ аслан аз шамъу ришта, об ва испанд истифода карда, бар ивази сеҳру ҷодуяш аз сокинон маблағи муайян мегирифт.
РВУД мегӯяд, пас аз боздошти зан аз манзилаш як қатор ашёҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ба ҳамин минвол, нисбати сокини пойтахт тибқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд.
Ҳамин тариқ, номбурда барои машғул шудан ба корҳои ғайриқонунӣ ва фиреби сокинон ба пардохт кардани 2 560 сомонӣ муваззаф гардид. Илова бар ин, ҷиҳати минбаъда ба ин амал машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.