ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Нигаронӣ аз вазъи ташвишовар дар Афғонистон меҳвари гуфтугӯҳои ду раисҷумҳур буд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҷараёни суҳбат вазъи ташвишовари Афғонистон ва дар ин зимн вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ карор доданд.
Ҳамчунин роҳбарони ду кишвар атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаҳои мубрами минтақаӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
“Дар робита ба ин ҷонибҳо бар аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният таъкид карданд”, - зикр кардааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ёдрас менамоем, ки дар ин авохир ноамниҳое дар мантақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд, ки аз тарафи расонаҳо ва коршиносон шарҳу тафсили мухталиф доштаанд.
Дар ин зимн Гулбудини Ҳикматиёр, роҳбари ҳизби исломии Афғонистон таҳдид ба ниқоргирӣ аз Тоҷикистон ба далели гӯё пойгоҳ додани кишвар ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон карда буд, ки вокунишҳои мухталифро дар пай дошт.