ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Ин эълон дар пайи дидори сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раиси Ҷамъияти саҳомии “Узкимиёсаноат”-и Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов дар Тошканд расонаӣ шуд.
Тасмими мазкури ду ҳамсоякишвар дар ҳоле иттихоз шудааст, ки дарёфти нерӯҳои минералӣ бо қимати дастрас дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдаи кишоварзони кишвар гуфта мешавад.
Дар ҳоле ки аз ҳеҷ гуна тазмини пойинравии қимати нерӯҳои минералӣ дар ин хабар тазаккур дода намешавад, сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гуфтааст, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд ва дар ин замина таъмини бозори Тоҷикистон бо нуриҳои минералӣ изҳор намуданд.
Ҳамзамон дар ин дидор густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни “Узкимиёсаноат” ва ширкатҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода миннатдории худро ба корхонаи “Узкимиёсаноат” барои дастгирӣ ва таъмини корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бо маҳсулоти кимиёвӣ баён намуд.
Хотиррасон менамоем, ки ширкати давлатии саҳҳомии “Узкимиёсаноат” аз чанд корхонаи саноати кимиёӣ иборат мебошад, ки асосан нуриҳои минералӣ истеҳсол ва содир менамоянд. Ширкат инчунин барномаҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ ва маркетингиро дар соҳаи сманоати кимиё таҳия ва амалӣ месозад.