Тасмими намояндагони ҳукумати толибон барои сафар ба Русия

Як дипломати афғонистонӣ хабар додааст, ки намояндагони ҳукумати феълии Афғонистон тасмим доранд, барои гуфтугӯ бо мақомоти Русия ба ин кишвар сафар кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Кобул тасмим дорад, ҳайати баландпояеро барои музокирот бо мақомоти Русия ба Маскав фиристад, иттилоъ додааст ба хабаргузории РИА “Новости” кордори сафорати Афғонистон дар Русия Ҷамол Носир Гарвол.

"Бале, мо як сафари ҳайати ҳукуматии худро ба нақша гирифтаем. Мо инро воқеан, мехоҳем ва умедворем, ки он дар оянда сурат хоҳад гирифт", - гуфт Гарвол.

Дар ҳамин ҳол дипломати афғонӣ таърихи дақиқи сафари эҳтимолӣ ҳайати толибонро нагуфт, аммо қайд кард, ки то ҳол ҳайати толибон ба ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, ки маъмулан дар авоили моҳи июн баргузор мешавад, даъват нашудааст.
Дар моҳи августи соли 2021 ҷангҷӯёни толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг дар тамоми ин кишвар хотима ёфт.
Лавров: Ғарб ҳадафҳои худро болои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳмил мекунад
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи худ дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон эълон шуд, ки роҳбарии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд бар дӯш гирифт. Ӯ дар замони ҳукмронии аввали толибон масъули сиёсати хориҷии ин гурӯҳ буд.
Бояд ёдрас шуд, ки Муҳаммад Ҳасан Охунд аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.