"Хатлон" дар садру "Истиқлол" дар охир: анҷоми даври 6-уми Чемпионати Тоҷикистон

Тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе нахустин бозияшро дар Қаҳрамонии Тоҷикистон дар соли равон мусовӣ анҷом дода, феълан дар мақоми 10-ум қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаҳои даври 6-уми Чемпионати ҷумҳурӣ дар риштаи футбол миёни дастаҳои Лигаи олиро эълон кард.
Ба иттилои манбаъ, бозии марказии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон-2022 миёни дастаи "Хатлон"-и Бохтар ва тими "Истиқлол"-и Душанбе баргузор шуд, ки мусовӣ – 1:1 хотима ёфт.
Голи якумро дар дақиқаи 5-ум бозигари "Хатлон" Муҳаммадҷон Насков ба самар расонд.
"Дар дақиқаи 86-ум легионери украинии душанбегиҳо Темур Партсвания голи ҷавобиро марбути номи худ сохт. Барои "Истиқлол" ин аввалин бозӣ дар мавсими ҷорӣ буд", - тавзеҳ дод кумита.
Ҳақназарова Қаҳрамонии ҷаҳонии боксро бо пирӯзӣ оғоз кард
Дар бозии дигар дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо тими "Хуҷанд" вориди майдон шуд, аммо ҳич тиме ноил нашуд, ки голе бизанад. Аз ҷумла дар қисми аввал бозигари "Равшан" натавонист тӯбро аз фосилаи ҷаримавии 11-метрӣ вориди дарвозаи ҳариф кунад. Зарбаи Абдухалил Бороновро дарвозабони "Хуҷанд" Шоҳрух Қирғизбоев баргардонд.

Кумита афзуд, ки бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои 14 ва 15 май баргузор мешаванд.
Дар ин давр 14 май тими "Равшан"-и Зафаробод бо "Файзканд", Клуби марказии варзишии артиш - КМВА бо "Эсхата" вориди майдон мешавад.
Инчунин 15 май "Регар-ТадАЗ" бо "Хатлон", "Равшан"-и Кӯлоб бо "Истаравшан" ва "Истиқлол" бо тими "Хуҷанд" бозӣ мекунанд.
Айни ҳол дар ҷамъбасти 6 даври сабқат миёни дастаҳои Лигаи олӣ КМВА дар ҷойи якум, "Хатлон" - 2, "Равшан"-и Кӯлоб - 3, "Регар Тадаз" - 4, "Файзканд" - 5, "Равшан"-и Зафаробод - 6, "Хуҷанд" - 7, "Истаравшан" - 8, "Эсхата" - 9 ва "Истиқлол" дар зинаи 10-ум қарор дорад.