Бар асари сӯхтор шадид дар ҳавзаи Оранҷи штати Калифорния дастикам 20 хона, ки арзишашон ба миллионҳо доллар мерасид, ба коми оташ рафтааст.
Ба гуфтаи идораи оташнишонии ин минтақа, оташ қасрҳоеро фаро гирифтааст, ки арзишашон миллионҳо доллар аст ва ба баҳр наздиканд.
Сӯхтор рӯзи чаҳоршанбеи 11 май дар наздикии як дастгоҳи коркарди оби байни шаҳрҳои Лагуна Нигел ва Лагуна Бич сар зад. Дар зарфи чанд соат, аз ҷумла дар натиҷаи шамоли сахт майдони он кариб ба 200 акр (кариб 809 хазор метри мураббаъ) расид.
Таъкид шудааст, ки дар Коронадо Пойнте як қасри 6,6-миллиондолларӣ бо чаҳор хонаи хоб ва ҳафт ҳаммом ба коми оташ рафтааст.
Аз минтақа бурунории шаҳрвандон сурат гирифт. Департаменти шерифи ҳавзаи Оранҷ тахмин мезанад, ки тақрибан 100 иншоот зери хатар қарор дорад. Хамаи роҳҳо ба ин кӯчаҳо баста шуданд. Дар ҷои ҳодиса дастаҳои оташнишонӣ ҳузур доранд. Дар бораи талафоти ҷонӣ то ҳол иттилое интишор нашудааст.
Тибқи иттилои "Daily Mail", се моҳи аввали соли 2022 хушктарин сол дар Калифорния будааст. Дар моҳи март ҳамагӣ як бор борон боридааст. Ҳамин тавр, идораи давлатии оташнишонӣ ин минтақа дар бораи сӯхторҳои тобистона ҳушдор додааст.
Мақомоти минтақа Оранҷ мегӯянд, тағирёбии иқлим ҳатто сӯхторҳои хурдеро, ки як вақт хомӯшкунии онҳо осон буд, ба хатари ҷиддӣ табдил додааст.
Ба гуфтаи ӯ, бар асари шамоли сахт оташ ба хонаҳову дарахтон паҳн мешавад ва мубориза бурдан бо ин гуна сӯхтор душвор аст.