ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Иқтисоди кишварҳое, ки аз интиқоли пул аз Русия вобастаанд, коҳиши назарраси интиқоли пулро эҳсос хоҳанд кард. Дар ин бора дар гузориши тозаи Бонки ҷаҳонӣ зери унвони "Муҳоҷират ва рушд" гуфта шудааст.
Маблағи интиқоли пул ба бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки манбаи аслии он Русия аст, эҳтимолан якбора коҳиш ёбад.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки ин коҳишҳо дар якҷоягӣ бо болоравии қимати маводи ғизоӣ, нуриҳои минералӣ ва нафт эҳтимол дорад, хатарҳои амнияти ғизоиро афзоиш диҳад ва фақрро дар бисёре аз ин кишварҳо зиёд созад.
Дар ҳамин ҳол пешбинӣ мешавад, ҳаҷми интиқоли пул ба Украина, ки бузургтарин дарёфткунандаи пули ирсолии коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия аст, дар соли 2022 беш аз 20% афзоиш хоҳад ёфт.
Пешгӯиҳои наздикмуддати интиқол ба ОМ, ки интизор меравад, дар соли 2022 1,6% коҳиш ёбад, хеле номуайянанд ва аз вазъ дар қаламрави Украинаву таҳримҳо ба пардохтҳои содиротӣ аз Русия вобастаанд.
"Интизор меравад, ки интиқоли пулии ба таври расмӣ ба қайд гирифташуда ба кишварҳои камдаромад ва миёна дар соли ҷорӣ 4,2% афзоиш ёфта, ба 630 миллиард доллар расад", - гуфт БҶ.
БҶ афзуд, ки пулҳои интиқолии шахсӣ ҳамчунон муҳимтарин манбаи маблағгузорӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, Русия манбаи аслии ин пулҳост.
Ҳамин тариқ дар соли 2021 ҳиссаи интиқоли пул дар ММД Тоҷикистон ва Қирғизистон мутаносибан 34 ва 33 фоизро ташкил дод.
Панҷ кишвари пешсаф, ки дар соли 2021 пули интиқолӣ гирифтанданд, Ҳиндустон, Мексика, Чин, Филиппин ва Миср мебошанд. Дар байни иқтисодҳое, ки воридоти пулҳои интиқолӣ дар ММД хеле баланд аст, инҳоянд:
Лубнон (54%);
Тонго (44%);
Тоҷикистон (34%);
Қирғизистон (33%);
Самоа (32%).
Гуфта мешавад, дар соли 2021 воридоти пул ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо 7,8 дарсад афзоиш ёфта, ба ҳадди ниҳоии таърихии 74 миллиард доллар расид.