Абдуллозода: Пандемия поён наёфтааст, бояд қоидаҳои беҳдоштӣ риоя шаванд

Дар пасманзари хабарҳо атрофи афзоиши гирифторони коронавирус дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон вазири тандурустии Тоҷикистон вазъ дар ҷумҳуриро тавзеҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамарӯза вазъияти эпидемикӣ дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳуриро назорат мекунад, изҳор дошт Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ.
Вай дар суҳбат бо "Ховар" изҳор доштааст, гарчанде аз 18 феврал ба ин сӯ дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вазорат ин масъаларо ягон лаҳза аз мадди назар дур накардааст.
"Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 ҳамарӯза ҷаласаҳои ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардида, масъалаи боздидҳои хона ба хона барои муайян кардани фарогирии эмгузаронии беморон баррасӣ мешавад", - гуфт вазир.
Қатъи кори метрои Шанхай бинобар авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар ин шаҳр
Вай афзуд, бо вуҷуди лағви бархе маҳдудиятҳо ба вазоратҳо ва идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки чораҳои зиддиэпидемиявиро барои пешгирии паҳншавии коронавирус идома диҳанд, зеро пандемияи коронавирус ҳанӯз анҷом наёфтааст.
Ба гуфтаи вазир, дар чунин шароит риояи қоидаҳои беҳдоштӣ муҳим мебошад.
"Дар айни замон бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19 Маркази иттилоотии зиддибуҳронии пешгирӣ ва мубориза бар зидди сирояти коронавирус бо рақами кӯтоҳи 511 амал мекунад", - илова намуд Абдуллозода.
Ин дар ҳолест, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон аз 7 марти соли 2022 якчанд маҳдудият, аз ҷумла пӯшидани ҳатмии ниқобҳои тиббӣ бекор карда шуданд.