Сабаби сӯхтори ҳавопаймо дар Чин маълум шуд

Коршиносон сабаби эҳтимолии сӯхтори ҳавопаймо дар Чунтсини Чинро эълон карданд. Тибқи як назария, ин ҳодиса дар натиҷаи осеб дидани муҳаррик сар задааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Сӯхтор дар як ҳавопаймо дар фурудгоҳи Чин шояд аз сабаби вайрон шудани муҳаррик сар зада бошад. Дар ин бора дар паёми Идораи авиатсияи граждании Чин гуфта мешавад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, чунин ҳодиса метавонист дар натиҷаи тамоси қисми муҳаррики ҳавопаймо ба замин рух диҳад.
"Ба гуфтаи аъзои экипаж, ҳангоми парвоз мушкилот муайян карда шуданд, бинобар ин, тибқи дастур, тасмим гирифта шуд, ки парвоз қатъ карда шавад, пас аз баромадан аз хатти парвоз муҳаррик ба замин бархӯрда оташ гирифт, ҳоло оташ хомӯш карда шудааст", - омадаст дар хабар.
Дар Чин ҳавопаймо бо мусофирон оташ гирифт: даҳҳо нафар захмӣ шуданд
Раёсат таҳқиқи сабабҳои ин ҳодисаро оғоз кардааст. Ба гузориши шабакаҳои телевизионии музофоти Гуйҷоу, яке аз мусофирони ҳавопаймо гуфтааст, ки нахуст муҳаррик оташ гирифт ва баъдан бахше аз фюзеляж бо қаноти чап бар асари хурӯҷи сӯзишворӣ оташ гирифт.
Ӯ қайд кард, ки ҳамаи мусофирон фавран интиқол дода шуданд.
Ин дувумин садамаи бузурги ҳавопаймоӣ дар соли ҷорӣ дар Чин аст. Ҳавопаймои "Boeing 737"-и ширкати ҳавопаймоии "China Eastern", ки аз Кунмин ба Гуанчжоу парвоз анҷом медод, рӯзи 21 март дар ноҳияи Тенг, шаҳри Вучжоуи вилояти мухтори Гуанси-Чжуан, дар ҷануби Чин суқут кард.
Дар ин ҳавопаймо 132 нафар, аз ҷумла 123 мусофир ва 9 узви экипаж будаанд, ки ҳама ҷон бохтанд. Сабабҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймо, ки аз соли 2015 ба ин сӯ истифода мешавад, ҳанӯз маълум нест.
Расонаҳо навиштаанд, ки ин садама бадтарин садамаи ҳавоӣ дар Чин дар 11,5 соли охир аст.