Раҳмон ба Маскав меравад

Дар Маскав нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад, ки дар он тамоми сарони кишварҳои узв ширкат мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дафтари матбуотии Кремл хабар дод, ки ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси ин созмон дар Маскав нишасти сарони кишварҳои узви ин иттиҳод баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, рӯзи 16 май мулоқоти раҳбарони ҳамаи кишварҳои СПАД баргузор мешавад. Илова бар ин онҳо дар формати наҳории корӣ муоширати алоҳида хоҳанд дошт.
Сафари тамоми сарони кишварҳои узви СПАД ба Русия, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Ба гуфтаи Песков, интизор меравад, ки дар пайи натоиҷи ин чорабинӣ ба хабарнигорон аз ҷониби дабири кулли созмон – Станислав Зас ва ҳамчунин сарвазири Арманистон Никол Пашинян маълумот дода мешавад.
Путин хостори таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ шуд: Ин барои мо калидист - видео
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Арманистон ҳоло раиси ин созмон аст.
Қаблан гуфта мешуд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар рӯзи нишаст бо Александр Лукашенко, ҳамтои белорусаш мулоқот мекунад.
"Ҳар ду хоҳад буд. Дар як рӯз", - гуфт Песков дар посух ба ин суол, ки мулоқоти Путин ва Лукашенко дуҷониба хоҳад буд ё дар чаҳорчӯби нишасти СПАД баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
СПАД 15 майи соли 1992 дар Тошканд (Ӯзбекистон) таъсис ёфтааст.