ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи ИДМ сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода афзудааст, ки мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лебедев рӯзи 12 май дар дафтари вазорат сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар доираи иттиҳод баррасӣ карда, перомуни рӯзномаи минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон Лебедев ба вазири тоҷик дар бораи омодагиҳо ба ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони умури хориҷӣ маълумот дод
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Дар ҷаласа иштироки вазирони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирад.
Рӯзи 11 май вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров барои иштирок дар ҷаласаи мазкур вориди Душанбе шуд.