ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар Кореяи Шимолӣ ба далели авҷи "ногаҳонӣ"-и бемории коронавирус вазъи изтирорӣ ҷорӣ шудааст. Авҷи коронавирусро дар Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин тасдиқ кард.
Гуфта мешавад, рӯзи панҷшанбе дар ин кишвар нахустин мавриди сироятёбӣ ба штамми омикрон ошкор шуд. Маълум аст, ки он дар Пхенян сабт шудааст, вале ҷузъиёт дар бораи шумори ҳодисаҳо ва манобеи эҳтимолии вирус ифшо нашудааст.
Пас аз ошкор шудани ҳолатҳои сирояёбӣ ба коронавирус ҳукуматдорон фавран ҷаласа доир намуданд ва дар он ҷо дар бораи ҷорӣ кардани системаи назорати вирус "вазъи шадиди фавқулодда" эълон карданд.
Ба гузориши хабаргузории "Ренхап", Ким Чен Ин ба ҳукумат дастур дод, ки барои боздоштани паҳншавии ин беморӣ дар ҳама сатҳҳо кор кунад ва ваъда дод, ки кишвар ҳатман бо ин вирус мубориза мебарад.
Ёдовар мешавем, пандемияи коронавирус соли 2020 эълон шуда буд, ки дар робита ба он ин кишвар сарҳадашро бо дигар кишварҳо баст ва аз вуруди хориҷиён ҷилавгирӣ кард.
Дар тӯли тамоми давраи пандемия дар ҷаҳон мақомоти Кореяи Шимолӣ изҳор доштанд, ки дар ин кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус вуҷуд надошт.
Қаблан директори генералии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Гебрейюс хабар дода буд, ки афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Ӯ чунин сурат гирифтани вазъро ба зернамудҳои штамми омикрон рабт дод.
Дар ҳамин ҳол дар муқоиса бо мавҷҳои қаблӣ мизони гирифторӣ ва маргумир дар бемористонҳо паст аст, ки ин ба масунияти аҳолӣ, аз ҷумла бо ваксинзанӣ марбут аст.