ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Боронгариҳои шадид то чор рӯзи дигар идома хоҳанд кард, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ин ниҳод бо истинод ба Ожонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, рӯзҳои 14-15 май ба истиснои ВМКБ дар дигар минтақаҳо боронгарии шадид мешавад, ки дар натиҷа сатҳи оби рӯдхонаҳо баланд шуда, ба сокинон метавонад хисороти калон расонад.
Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 16 май боронгариҳо идома ёфта, сабабгори омадани сел мешаванд.
Илова бар ин КҲФ ҳушдор медиҳад, ки боронҳо дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, таллу теппаҳо метавонанд боиси рониши замин, канда шудани садҳои зидди сел, харобии пулҳои мошингузару одамгузар шаванд.
Дар ҳамин ҳол кумита аз сокинон дархост намудааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
"Рафтан ба шикор, ғунучини ҳезум ва рустаниҳои дорувор, занбӯруғҳо ва ё рафтан ба соҳили кӯлу обанборҳо барои моҳидорӣ маслиҳат нест", - омадааст дар хабари кумита.
Зимнан ин ниҳод аз сокинони минтақаҳое, ки селфароӣ онҳоро таҳдид мекунад, хоҳиш намудааст, ки аз тариқи ҳашар ҷӯю каналҳоро аз сангу хасрӯба тоза намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки боронгариҳои шадид дар Тоҷикистон чанде боз идома доранд ва дар баъзе ноҳияҳо роҳу пулҳо ва майдонҳои кишт хароб гардида, шумори зиёди чорвои мардум талаф ёфт. Хушбахтона, селу обхезиҳои баҳори имсол дар Тоҷикистон талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд.