Муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон

Сафири Тоҷикистон дар Олмон барои соҳибкоронӣ олмонӣ имконият ва зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гидроэнергетикӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Олмон консулгарии фахрии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн, Ҳукумати Ҳамбург 9-умин “Шоми дарҳои кушодаи консулгариҳо” баргузор кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилоии манбаъ, дар ин чорабинӣ намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла роҳбари Хадамоти давлатӣ дар дафтари Сенати Ҳамбург хонум Коринна Ниеншдет, масъулини палатаҳои савдо ва саноат дар он минтақа, ҳамчунин хабарнигорон, корпуси дипломатӣ, вакилони парлумони устони федералии Ҳамбург, ҳаммеҳанон ва донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Қайд карда шудааст, ки Имомудин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон меҳмононро ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Олмон тайи 30 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ ҷалб кард.
"Bloomberg": Олмон бинобар таҳримҳо алайҳи Русия қарздор мешавад
Ҳамчунин сафир қайд кард, ки Олмон ба ҳозирин дар бораи имконият ва зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гидроэнергетикӣ ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Гуфта шудааст, ки барои ҳозирин маводи мухтлафи таблиғотӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар фарҷоми ин ҷамъомад Имомуддин Сатторов ба суолҳои иштироккунандагон вобаста ба мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ посухҳои мушаххас дод.