ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Маскав дар робита ба ҳодисаи рӯзи 9 май бо сафири Русия рухдода узрхоҳии расмии Варшаваро интизор аст.
Дар ин бора баъд аз даъват шудани намояндаи расмии Лаҳистон ба Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дода шуд.
"11 май сафири Лаҳистон дар Русия Кшиштоф Краевский дар робита ба амали даҳшатноки ҳамла ба сафири Русия дар Полша Сергей Андреев ҳангоми гузоштани гулчанбар дар қабристони ёдбуди озодихоҳони шӯравӣ дар Варшава ба Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват карда шуд", - омадааст дар хабар.
Ҷониби Русия изҳор дошт, ки дар робита ба ҳодисаи рухдода аз раҳбарияти Лаҳистон узрхоҳии расмиро интизор аст.
Илова бар ин Вазорати хориҷаи Русия хостори таъмини амнияти сафири Русия ва тамоми кормандони намояндагии хориҷӣ дар Лаҳистон шудааст.
"Тасмим дар бораи иқдомоти минбаъда вобаста ба вокуниши Варшава ба талабҳои мо гирифта мешавад", - таъкид карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба сафири Русия Сергей Андреев дар Варшава рӯзи 9 май замоне рух дод, ки дипломат ҳамроҳ бо ҳамсараш ва аъзои намояндагии дипломатӣ ба қабристони ёдбуди сарбозони шӯравӣ дар кӯчаи Жвирки ва Вигура омаданд.
Онҳоро зуд издиҳоми хашмгин иҳота кард ва шиорҳои зиддирусӣ сар дод.
Зимнан фаъолони маҳаллӣ роҳи ёдгориро бастанд ва ҳангоме ки ҳайати Русия бозистоданд, ба рӯи онҳо ранги сурх пошиданд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, миллатгароён дигарбора чеҳраи худро нишон доданд ва он хунбор аст".