ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Дубай ҷиҳати омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ-таълимӣ анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби Тоҷикистон 19-уми май пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳаштуми Лигаи олии кишвар ба Дубай сафар мекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби Тоҷикистон 19-уми май пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳаштуми Лигаи олии кишвар ба Дубай сафар мекунад.
"Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 3-юми июн идома мекунад, дастаи мо як бозии дӯстона ба нақша гирифтааст. Ҳарифи футболбозони мо дар бозии санҷишӣ рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд", - афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ҳайати мукаммали тими миллии кишвар барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки рӯзи 18 май эълон мешавад, 26 бозингарро дар бар мегирад.
Аз ин шумора 23 бозингар ба дархости даста барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ворид карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "F" бо Мянмор (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "F" бо Мянмор (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) бозӣ мекунад.
Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи "F" дар шакли мутамаркиз дар Бишкек баргузор мешаванд.
Ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ва инчунин панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюмро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.