ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дастгоҳи чопии мақомоти русбадбини ИМА дар кӯшиши таъсири иқтисодӣ ба Русия вайрон мешавад, аммо ҳадафҳои амалиёти вижаи Русия дар Украина амалӣ хоҳанд шуд, мутмаин аст Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия.
Палатаи Намояндагони ИМА рӯзи сешанбе як бастаи кӯмаки иловагӣ ба Украинаро ба маблағи тақрибан 40 миллиард доллари амрикоӣ тасвиб кард.
"Дастгоҳи чопи онҳо, ки Амрико тавассути он қарзи миллии худро доим зиёд мекунад, тезтар мешиканад. Ногуфта намонад, ки барои ҷаҳиши нархи бензин ва маводи ғизоӣ амрикоиҳо бояд барои афзоиши онҳо ба мақомоти русбезори худ ташаккур гӯянд. Аммо ҳадафҳои амалиёти вижа амалӣ хоҳанд шуд”, - навиштааст Медведев дар канали "Telegram"-и худ.
Вай қайд кард, ки ҳадаф аз "кӯмак" ба Украина дар чунин миқёси бесобиқа "идомаи ҷанги ниёбатӣ алайҳи Русия, хоҳиши шикасти сангине ба кишвари мо, маҳдуд кардани рушди иқтисодӣ ва нуфузи сиёсии он дар ҷаҳон аст".
Аз оғози давраи раёсатҷумҳурии Ҷо Байден ИМА барои ҳимояти низомӣ ба Киев 4,5 миллиард доллар кумак ҷудо кардааст. Аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия боз 3,8 миллиард доллар фиристода шудааст.
Қаблан Медведев дар бораи нақшаҳои Иттиҳодияи Аврупо барои даст кашидан аз манобеи энержии Русия изҳори назар карда буд. Вай таъкид кард, ки ин кишварҳо як ҳафта бе манобеи энержии Русия буда наметавонанд.
Қаблан коршиносон низ гуфта буданд, ки ИМА ба идомаи ҷанг дар Украина манфиатдор аст ва барои ин ҳама чораандеширо мекунад, то гуфтушуниди Маскав ва Киев ба муваффақияте дастёб нашавад.