Козин: Пули Амрико Киевро нотавон мекунад - видео

Таҳлилгар Вашингтонро ба стандартҳои дугона муттаҳам карда, ба даъватҳои он барои ҳалли сиёсии муноқиша ва ҳамзамон сарпарастии артиши Украина ишора кард
Sputnik
Кумаки низомии ИМА ба Украина амалиёти низомии Русияро ба таъхир меандозад ва ба раванди музокироти Маскаву Киев таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ин бора Владимир Козин, узви вобастаи Академияи илмҳои ҳарбии Федератсияи Русия дар суҳбат бо Sputnik хабар дод.
Ба гуфтаи вай, Вашингтон зарурати ҳалли дипломатии буҳрони Украинаро эълом мекунад, аммо дар баробари ин ҳимоят аз режими Киевро аз 4 миллиард доллар дар моҳи апрел то ба 40 миллиард доллар афзоиш медиҳад.
"Ҳамин ки ба Зеленский хабар расид, ки кумаки низомӣ ба фалон миқдор ироа мешавад, дарҳол аз суръати музокирот маълум мешавад: музокиракунандагони Киев танҳо аз гуфтугӯ худдорӣ мекунанд ё ба рӯзномаи музокирот талабҳои ғайриимкон меоранд", - шарҳ дод ӯ.
Аммо ба гуфтаи Козин, ҳамаи ин талабот "пуч" ҳастанд. Ҳамзамон ин таҳлилгар ба зарурати оғози амалиёти низомӣ ишора кард, ки ин ҳамлаи пешгирикунандаи Маскав алайҳи нақшаҳои Киев барои ҳаракати амиқ ба Донбасс ва ҳатто ҳамла ба Қрим шуд.
Дар посух ба суол дар бораи ҷараёни амалиёт дар Украина коршинос қайд кард, ки бештари кумакҳои хориҷӣ дар шакли таҷҳизоту аслиҳа ҳангоми убур аз марзҳои Украина нобуд мешаванд.
Ҳукумати Фаронса барои кумаки низомӣ ба Украина сад миллион евро харҷ кард
Вай ҳамчунин аз талоши нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои дубора ба даст овардани назорат бар ҷазираи Змейни дар Баҳри Сиёҳ ёдовар шуд, ки дар натиҷа теъдоди зиёди техника ва ҳайати шахсӣ аз даст рафтанд.
Қаблан маълум шуд, ки Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА як бастаи кумакӣ ба Украина ба маблағи 40 миллиард долларро тасвиб кардааст.
"Ҳабси дороиҳо". ИМА чӣ қадар аз пулҳои Русияро масраф мекунад?
Тибқи нақша, 8,7 миллиард аз ин маблағ ба дастгирии иқтисодии Киев, 6 миллиардаш барои силоҳ, 5 миллиард барои харҷи маводи ғизоӣ ва каме камтар аз як миллиард барои гурезаҳо сарф мешавад.
Барои эътибор пайдо кардани лоиҳаи қонун он бояд аз ҷониби Сенат ва шахсан аз ҷониби президенти ин кишвар тасдиқ карда шавад.