ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Дар пайи сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ҷамшед” дар ноҳияи Мастчоҳ панҷ нафар осеб дидаанд. Дар миёни осебдидаҳо аз як лейтенант, корманди идораи сӯхторнишонӣ ҳам будааст.
Аз идораи сӯхторнишонии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ҷамшед”, дар ҷамоати Оббурдони Мастчоҳ шоми 10 май, соати 19: 40 дақиқа рух додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, сӯхтор ба беш аз 60 метри мураббаъ доман паҳн намудааст.
Дар пайи рух додани ин ҳодиса чор корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва як нозири идораи сӯхторнишонии Мастчоҳ, лейтенант Ёқубзода Маҳмадюсуф дар вақти адои вазифа осеб дидаанд.
“Чор корманди нуқтаи таъминоти маводи сӯхт дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шуда, вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мешавад. Хушбахтона, осеби лейтенант Ёқубзода ҷиддӣ нест, танҳо 5%-и ноҳияи гарданаш осеб бардоштаасту эҳтиёҷ ба бистарӣ шуданро надорад”, - гуфт манбаъ.
Сабабҳои ибтидоии рух додани ин ҳодисаро мақомот вайрон намудани қоидаи бехатарии пешгирӣ аз сӯхтор арзёбӣ мекунанд.
Бино ба гуфти манобеъ, дар вақти холӣ кардани бензин аз мошини "Газ-53" таркиш ба амал омадааст, ки дар натиҷа ҳам мошини интиқолдиҳандаи маводи сӯхт ва ҳам таъмингоҳи сӯзишворӣ ба коми оташ рафтааст.
Кормандони идораи сӯхторнишонӣ бо сафарбар намудани мошинҳои махсуси обпош оташро иҳота намуда, давоми як соат пурра алангаи онро хомӯш намудаанд.
Зимнан сабабҳои аслӣ ва ҳаҷми зарари расида аз ин ҳодисаро мақомот таҳқиқ мекунанд.