ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Артиши Русия дар Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои бесарнишини “Орлан-10” тамрин анҷом дод, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Парвозҳои тамринӣ дар минтақаи омӯзишии Лоҳур, дар баландии аз 800 то 5 ҳазор метр анҷом дода шуданд.
Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201 ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба идоракунии барномаи парвоз ва ҳамкории муштарак бо воҳидҳои артиллерӣ ҷиҳати танзими оташро таҳия намуданд.
Дар баробари ин дастгоҳҳои иктишофии ҳавоӣ мушаххассозии объектҳои душмани шартиро дар шароити падидори маҳдуди қаторкуҳ ва дараҳо гузаронданд.
"Дар тӯли тамоми парвоз маркази идоравӣ сари вақт иттилоот дар шакли акс ва видеоро гирифт", - гуфта мешавад дар гузориш.
Гуфта мешавад, ки барои муайян кардани ҳаракати пинҳонии душман аз тариқи муҳосиботи маҷмаи камераи тепловизионӣ истифода шудааст.
Ба артиши Русия муяссар шуд, ки ҳамоҳангии амалҳо оид ба идоракунии барномаи парвоз, инчунин ҳамкорӣ бо воҳидҳои артиллерӣ барои танзими оташро таҳия кунанд.
Ёдовар мешавем, пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи он кишвар аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.