Дар Деваштич хонандаи синфи 11 ба аскарӣ рафт

Феълан фармони аз мактаб хориҷ шудани ӯ содир шудааст ва ӯ метавонад ду сол пас омада, имтиҳонот супорад ва шаҳодатномаи хатми синфи 11-ро бигирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар ноҳияи Деваштич як хонандаи синфи 11 ба хидмати ҳарбӣ рафтааст. Дар ин бора сомонаи "Фараж" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, хатмкунандаи мактаби миёнаи рақами 46 -и деҳаи Овчии ноҳияи мазкур Шерзод Отаев рӯзи 10 май ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафт.
Манбаъ аз қавли падари сарбоз менависад, ки писараш, дар ҳақиқат, хонандаи синфи 11 ва мутаваллиди соли 2004 аст.

"Шерзод бо мо маслиҳат кард ва бо хоҳиши худаш ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуд. Ӯро ягон нафар маҷбур накардааст. Бигзор хидмати Ватанро анҷом диҳад", - менависад манбаъ аз қавли падари наваскар.

Дар ҳамин ҳол мудири маорифи ноҳияи Деваштич ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтани хонандаи мактаби миёнаро тасдиқ карда гуфт, чунин ҳолат дар макотиби миёнаи ноҳияи онҳо бори аввал нест ва қаблан низ хатмкунандагони синфи 11 ба аскарӣ мерафтаанд.
Директори мактаб низ гуфт, синну соли шогирдаш барои даъвати аскарӣ мерасад ва аризаи хаттии ӯву волидонашро дар даст дорад.
Артишгурезонро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст: посухи ҳуқуқшинос
Феълан фармони аз мактаб хориҷ шудани Отаев содир шудааст ва ӯ имкон дорад, пас аз ду сол дар қатори хонандагони ду сол аз худаш хурд имтиҳон супурда, шаҳодатномаи хатми синфи 11-ро бигирад.
Маврид ба зикр аст, ки 1 апрел дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта, он ду моҳ давом мекунад.
Гуфта мешавад, ВМКБ давоми чор соли охир миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон нақшаро дар қаламрави вилоят 100 фоиз иҷро менамояд.